Баргузории чорабиниҳои илмӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба "Даҳаи муаррифи илми академии тоҷик": аҳамият ва бартариятҳо
"Даҳаи илми академии тоҷик" ҳамчун як иқдоми муҳими илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди илму таҳқиқот ва баланд бардоштани мақоми олимон дар ҷомеа эълон гардидааст. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин раванд нақши асосӣ дорад ва баргузории чорабиниҳои илмӣ бахшида ба ин даҳ аз ҷумлаи вазифаҳои асосии он ба шумор меравад. Ин чорабиниҳо, ки дар шакли конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва намоишҳои илмӣ баргузор мешаванд, ҳадаф ин аст, ки дастовардҳои олимони тоҷикро муаррифӣ кунанд, мубодилаи афкорро байни муҳақиқон тақвият бахшанд ва барои ҳалли мушкилоти муҳими иқтисодиву иҷтимоии кишвар роҳҳои илмӣ пешниҳод намоянд.
Инчунин, ин баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои иқтидори илмӣ шинохта шавад, ки тавассути он мубоҳисаҳои илмӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои хориҷӣ, олимони тоҷик метавонанд технологияҳои навро ҷорӣ кунанд, таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро омӯзанд ва дар ҳалли масъалаҳои мубрами кишвар, аз қабили амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ саҳм гузоранд.
Дар доираи "Даҳаи муаррифии илми тоҷик" якчанд чорабиниҳои муҳими илмӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)" ва дигар барномаҳои стратегӣ, аз ҷумла "Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028)" ва "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030)", бахшида шуда буд, баргузор гардид. Ҳамаи ин гувоҳи аз он медиҳад, ки Академияи миллии илмҳо на танҳо ба пешбурди таҳқиқоти бунёдӣ, балки ба ҳалли масъалаҳои амалии марбут ба рушди устувори илми кишвар диққати махсус зоҳир менамояд.
Дар ин ҷода яке аз ниҳодҳои назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - ин Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ки мақоми танзимгар дар самти таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ мебошад, бо иқтидори илмӣ ва доштани олимони ботаҷриба дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи илм дар истеҳсолот нақши калидӣ дорад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти олимони Агентӣ таҳқиқоти марбут ба истихроҷ ва коркарди уран мебошад. Тоҷикистон дорои захираҳои ғанӣ аст ва олимон дар тӯли солҳои охир технологияҳои маҳаллиро барои коркарди маъданҳои уран ва безараргардонии партовҳои радиоактивӣ таҳия кардаанд. Ин корҳо ба тозагии экологӣ ва истифодаи бехатар аз захираҳои табиӣ мусоидат мекунанд. Масалан, тадқиқотҳо дар мавзӯи "Асосҳои физикӣ-химиявии истихроҷи уран аз маъдан ва обҳои конию техникии урандор" ва "Мониторинги радиатсионии биомуҳити Тоҷикистон" аз ҷумлаи корҳои муҳим ва дастовардҳои илмии олимони Агентӣ маҳсуб меёбанд.
Илова бар ин, олимони ин ниҳод дар таҳияи харитаҳои радиоэкологӣ ва таъмини бехатарии радиатсионӣ дар сатҳи миллӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Онҳо бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Хадамоти гумрук ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, технологияҳои муосирро барои пешгирӣ аз қочоқи маводи ядроӣ ва радиатсионӣ ҷорӣ кардаанд. Масалан, дар соли 2021 онҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон порталҳои мониторинги радиатсиониро насб карданд, ки ин амал барои таъмини амнияти кишвар муҳим аст.
Инчунин олимони Агентӣ дар баргузории чорабиниҳои таълимӣ ва илмӣ-оммавӣ, аз қабили семинарҳо дар мавзӯи "Афканишоти радиатсионӣ ва ҳаёт" барои омӯзгорон ва хонандагон фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамаи ин иқдомҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии маърифати ҷомеа дар бораи масъалаҳои бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ кӯмак мерасонанд.
Хулоса, "Даҳаи муарифии илми академии тоҷик" ва чорабиниҳои илмии марбут ба он дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои рушди илм ва тақвияти иқтидори зеҳнии кишвар аҳамияти бузург доранд. Дар ин раванд, олимони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо таҳқиқотҳои худ дар самти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ на танҳо ба пешрафти илм, балки дар таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки илми тоҷик дар роҳи ҳалли мушкилоти муосир ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор мегузорад.